18 Мар

Файзиев Отақул муаллими эҷодкори мактаби миёнаи № 34 ноҳияи Мақтаарал мебошад. Кори эҷодии ӯ дар миқёси ноҳия ва вилоят оммавӣ гаштааст. Ҳар як дарсҳои омӯзгори фидоӣ, ки донандаи забонҳо қазоқӣ,  русӣ, ӯзбекӣ, афғониву эронӣ мебошад, мукаммал буда , хонандагонро дар рӯҳияи миллию ватанпарварӣ ва дӯстӣ  тарбия менамояд. Ӯ дар тарҷумаи барнома ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ фаъолона иштирок менамояд. Бо Маркази тестикунонии Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон  ҳамкорр мебошад. Дар зер яке аз дарсҳои ӯро чоп менамоем.

Файзиев Отакул Мақтаарал туманидаги  № 34 Қ.А.Яссауи номли мактабнинг ижодкор муаллимларидан. Унинг ижодий ишлари туман ва вилоят миқёсида оммалаштирилган. Қозоқ, тожик, рус тилларини мукаммал билувчи фидойи устознинг ҳар бир дарсини мукаммалликка яқин дейиш мумкин. Қуйида унинг дарсларидан бирини чоп этмоқдамиз.

ҶАМЪ ВА ТАРҲИ АДАДҲО

Файзиев Отақул Ҳамроевич  04-уми марти соли 1975  дар деҳаи зебоманзараи  Моҷарми ноҳияи Фориши вилояи Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон , дар оилаи коргар, таваллуд шудааст. Соли 1981 ба мактаби № 32 ба номи Бобоҷон Ғафурови деҳааш рафта , онро соли 1992 бо баҳои аъло ва медали нуқра хатм намуд. Як сол дар мактаби зодгоҳ дар вазифаи  сарвари пешоҳангон (пионервожатый)  кор кард. Соли 1993 ба шӯъбаи Журналистикаи  факултаи Журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Онро соли 1998 бо баҳои хубу аъло хатм намуд.  Комиссияи имтиҳони давлатӣ ба  аспирантура роҳхат дод ва ба ҳайси  лаборанти  кафедраи “Матбуот” ба кор оғоз намуд. То соли 2003-ум дар вазифахои гуногун, аз ҷумла: ассисенти кафедраи Матбуот, ҷонишини декан оид ба шӯъбаи ғоибона,  котиби масъули рӯзномаи “Қалам”, ҷонишини котиби масъули рӯзномаи вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Омӯзгор” кор кардааст.

Аз соли 2003-ум ин ҷониб муаллими синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи умумии №34 ба номи  Хоҷа Аҳмади Яссавии ноҳияи Махтаарал мебошад. Шогирдонаш дар олимпиадаҳои гуногун ҷойҳои намоёнро ишғол кард.

Ӯ аъзои ҷамъияти  “ Тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “ПАЙВАНД” , аъзои шӯрои ҷамъияти миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ-  “ПАНЖ” мебошад.Дорандаи медали “АЪЛОЧИИ  МАТБУОТ ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бо Ифтихорномаву Ташаккурнома ва Сипосномаҳои  ноҳиявию вилоятӣ  қадрдонӣ  шудааст.

Оставить комментарий: